хатнависӣ — [خط نويسي] навиштани хат, номанигорӣ, мактубнависӣ; асбоби хатнависӣ, лавозими хат, нигориши хат (қалам, коғаз, сиёҳӣ) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асбоб — [اسباب] а 1. ҷ. сабаб 2. васила, восита 3. лавозимот, чизу чораи даркорӣ; асбоби аёнӣ олатҳои намоишӣ барои таълим; асбоби деҳқонӣ лавозимоти деҳқонӣ; асбоби зиёфат васоили тараб, масолеҳи меҳмондорӣ; асбоби зироат олати киштукор; асбоби… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лавозимот — [لوازمات] а. ҷ. лавозим; чизҳои зарурӣ; асбобу анҷом; лавозимоти хатнависӣ асбобу анҷоми хатнависӣ (аз қабили коғазу қалам ва ғ.), асбоби таҳрир; лавозимоти ҳарбӣ (ҷангӣ) яроқу аслиҳаи барои ҷанг лозим … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
савод — I [سواد] а 1. хонда ва навишта тавонистан; савод баровардан хондаву навиштанро ёд гирифтан; савод доштан соҳиби хату савод будан, хатхон ва хатнавис будан; савод омӯхтан ёд гирифтани хат ва хатнависӣ 2. сиёҳӣ, сиёҳрангӣ 3. торикӣ, зулмот, саводи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
варроқ — [وراق] а 1. кит. он ки пеш аз пайдоиши саноати чопгарӣ китобҳоро нусхабардорӣ ва саҳифабандӣ карда мефурӯхт ва бо супоришу фармоиш ин корро анҷом медод 2. кит. хатнавис; китобнавис, китобаткунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
коғазбозӣ — [کاغذ بازي] маҷ 1. кашолкорӣ дар иҷрои корҳо, ба ҷои кори амалӣ машғул шудан бо хатнависӣ ва ҳаволаи кор ба дигарон 2. расмиятпарастӣ, бюрократӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қалам — I [قلم] а 1. афзорест найин, чӯбин ё филизӣ, ки ба воситаи он хат менависанд, хома, килк; қалами абрӯ қалами махсус барои ороиши абрӯи занон; қалами мӯин ниг. мӯ(й)қалам; қалами нақшакашӣ қалами филизӣ, ки нӯги дулабаи он ғафсу борик карда… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мидод — [مداد] а. кит 1. сиёҳии хатнависӣ 2. қалами одӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
миз — [ميز] тахтаи ба чор пояи дароз устувор, чун як ҷузъи мебел, ки рӯи он чиз мегузоранд, хӯрок мехӯранд ва хат менависанд: мизи гирд, мизи дарозрӯя, мизи корӣ, мизи мудаввар, мизи хатнависӣ, мизи хӯрокхӯрӣ, ба сари миз даъват кардан, дар паси миз… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мошиннавис — [ماشين نويس] кҳн 1. дар мошини хатнависӣ чопшуда: ду варақи мошиннавис 2. он ки дар мошини чоп навиштаҳоро чоп мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ